ИДОМАИ ВОХӮРИҲО БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА”

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади идома бахшидани суҳбату фаҳмонидадиҳӣ ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба оқилона ва самаранок истифода бурдани ҳар як ваҷаб замини дар ихтиёрдошта ва руёнидани ду-се ҳосил аз замин бо иштироки мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Сайфулоев Р. бо ҳар як сокину заҳматкаши деҳаи Навободи Ҷамоати деҳоти Қумсангир суҳбату вохӯрӣ бо усули “Хона ба хона” баргузор гардид.

Зимни вохӯрӣ иброз гардид, ки мо- сокинонро зарур аст, баҳри беҳтар намудани сатҳи зиндагӣ ва рӯзгори хеш меҳнати софдилона намуда, анбори хешро бо маҳсулотҳои аввалияи рӯзгор ба монанди, гандуму лӯбиёгиҳо пур намоянд, то ин ки дар фасли сармо танқисӣ накашида, рӯзгори хешро пеш баранд.