ЛИМУПАРВАРӢ ОМИЛИ БЕҲТАРШАВИИ ШАРОИТ!

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси дастуру ҳидоятҳои роҳбарияти олии кишвар баҳри беҳтар намудани шароити рӯзгор ва таъмини бозорҳои дохил ва хориҷи кишвар бо меваҳои тару тоза лимупарварони деҳаи Орзуи Ҷамоати деҳоти Қумсангир ҳар ваҷаб заминҳои наздиҳавлигӣ ва президентиро самаранок истифода мебаранд.

Бо ин матлаб бо иштироки вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия-раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Ҳасанзода Т. дар ҳамбастагӣ бо намояндагони Ҷамоати деҳоти Қумсангир бо меҳнаткашон ва лимупарварони деҳаҳои ҷамоати деҳоти мазкур бо усули хона ба хона суҳбату вохӯриҳо баргузор гардида, вобаста ба дурусту самаранок истифода намудани заминҳои наздиҳавлигӣ, гирифтани ду-се ҳосил аз як замин, сохтани иншоотҳои гигиенӣ бо усули дренажӣ ва ҳамзамон саҳм гузоштан дар ободии деҳаю маҳалла ба сокинон дастуру маслиҳатҳои муфид дода шуд.