ЗАМИНРО САМАРАНОК ИСТИФОДА МЕБАРЕМ!

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ ва захираи маводи озуқа барои фасли сармо меҳнаткашони деҳаи Орзуи Ҷамоати деҳоти Қумсангир заминҳои наздиҳавлигиро самаранок истифода мебаранд.

Гурӯҳи корӣ зери роҳбарии вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия-раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Ҳасанзода Т. дар деҳаҳои ҷамоати деҳоти зикргардида бо усули хона ба хона суҳбату вохӯриҳо ташкил намуда, ҷиҳати самаранок истифода намудани заминҳои наздиҳавлигӣ, сохтмони иншоотҳои гигиенӣ бо усули дренажӣ ва ҳамзамон саҳм гузоштан дар ободии деҳаю маҳалли зист ба сокинон суҳбатҳо баргузор карда шуд.