КӮМАКҲО ИДОНА БА НИЁЗМАНДОН

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи дастуру ҳидоятҳои инсонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи Иди Қурбон бо ташаббуси ТИ Ҳифзи иҷтимоӣ” дар ҳамбастагӣ бо “Муассисаи давлатии маъмурияти минтақаи озоди иқтисодӣ “Панҷ” дар ноҳияи Ҷайҳун” ба 10 оилаи ниёзманд кӯмакҳои яквақтаина арсонида шуд. Дар ин рӯз ташаббукорон ба аёдати 10 нафар шахсони яккаву танҳо ва барҷомонда рафта, ба онҳо маводи гуногуни хӯрокворӣ, аз қабили шаккар, биринҷ, равған, гӯшт ва дигар маводи аввалия расониданд. 

Зимни айёдати ин қишри ҷомеа сокинон иқдоми хайрхоҳонаи ҳизбиёнро ҷонибдорӣ аз иқдомҳои инсондӯстонаи Пешвои муаззами миллат арзёбӣ намуда, ба ташаббускорон  изҳори миннатдорӣ намуданд.