ИДОМАИ ВОХӮРИҲОИ “ХОНА БА ХОНА”

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади воқифгардонии сокинон бобати самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ ва захираи маводи ғизоӣ барои фасли сармо, вохӯриҳои "Хона ба хона" фаъолони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ бо масъулони ноҳияи Дӯстӣ Ҷамоати деҳоти Қумсангир идома дорад. Ин навбат вакили маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҷайҳун- раиси Кумитаи ироияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Ҳасанзода Тағоймурод дар якҷоягӣ бо масъулони Ҷамоати деҳот аз раванди кишту кори зироатҳо дар қитъаҳои наздиҳавлигӣ ва захиракунии маҳсулот барои зимистон аз ҷониби сокинони деҳаи “Навобод”-и Ҷамоати деҳоти Қумсангир  шиносоӣ пайдо намуданд.

 

 

 

 

 

 

 

 

Масъулин зикр намуданд, ки дар сурати дуруст истифода намудани заминҳои наздиҳавлигӣ ва хоҷагиҳои ёрирасон сокинон метавонанд ҳам шароити зиндагии хешро хубтар ва ҳам бозори кишварро бо сабзавоти тару тозаи табиӣ таъмин намуда, ҳамзамон дар пешгирӣ аз болоравии беасоси нархи маҳсулоти хӯрокворӣ  саҳми худро гузоранд.