ОМОДАГИҲО БА СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Тибқи Нақша- чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷайҳун, баҳри омода намудани муассисаҳои таълимии ноҳия барои соли нави таҳсил, корҳои тамирӣ ва рангу бор вусъати тоза гирифтаистодаанд.

Дар ин росто муасиссаи таҳсилоти миёнаи умумии №17-и ноҳия ба соли нави хониши 2022-2023 омодагии бисёр хуб дида, аксарияти синфхонаҳоро аз таъмири ҷорӣ баровардааст. Хонандагон метавонанд дар шароити хуби таълимӣ таҳсили худро давом диҳанд.

Мавриди зикр аст, ки ин амали нек бо ташаббуси фаъолон, падару модарон ва омӯзгорони муассисаи таълимӣ сурат гирифта, чунин корҳои таъмирӣ ва амалҳои хайрхоҳона дар дигар муассисаҳои таълимии ноҳия бо маром идома дошта, дар ҳолати анҷомёбӣ қарор доран, ки ин туҳфаест баҳри хуб таҳсил намудани наврасону таълимгирандагон.