ОМОДАГИҲО БА ФАСЛИ ЗИМИСТОН!

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси дастуру супоришҳои роҳбарияти Олии мамлакат вобаста ба истифодаи дурусту оқилонаи заминҳои наздиҳавлигӣ ва президентӣ, инчунин, баҳри захираи маводи озуқа барои фасли зимистону солҳои оянда, кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун бо сокинони деҳаю маҳалаҳои Ҷамоати деҳоти Қумсангир суҳбату вохӯриҳо бо усули “Хона ба хона” баргузор намуданд.

Зимни вохӯрӣ масъулин бо сокинон, хусусан занону модарони хонашини ҷамоати мазкур роҷеъ ба консервакунонии меваю сабзавот, захираи маводҳои донагӣ ба монанди гандум, лӯбиёгиҳо ва хушконидани мевагиҳо ҳамсуҳбат гашта, маслиҳатҳои муфид доданд.

Зикр кардан ба маврид аст, зимни вохӯриҳо маълум гашт, ки ҳангоми коркард қоидаҳои санитарию беҳдоштӣ қатъиян риоя гардида, занону бонувони ҷавон аз рӯи тавсияи нафарони соҳибтаҷриба ва рӯзгордидаи ноҳия амал менамоянд. Дар фасли тобистон аз сабзавотҳои тару тозаи замини наздиҳавлигии худ самаранок истифода намуда, барои захираи зимистона консерваҳои гуногун омода менамоянд.