ТАЪМИНИ НАФАҚАИ ҲИЗБӢ

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар ҳошияи сиёсати башардӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҷиҳати дастгирии қишри ниёзманди ҷомеа, санаи 17-уми июни соли ҷорӣ бо иштироки мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Сайфулоев Раҳмиддин бахшида ба истиқболи ҷашни “Ваҳдати миллӣ” ва дар арафаи Иди Қурбон ба як нафар дорои имконияташ маҳдуди гурӯҳи якум - Сафаров Тошмаҳмад, истиқоматкунандаи деҳаи Истиқлоли Ҷамоати деҳоти Панҷ дар ҳаҷми 500 сомонӣ нафақаи ҳизбӣ супорида шуд .

           Сафаров Тошмаҳмад маъюби гурӯҳи якум буда, оиладор ва дорои шароити начандон хуб мебошад. Аз ин лиҳоз Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб ҳар моҳ ба ин нафари ниёзманд нафақаи ҳизбиро дар ҳаҷми 500 сомонӣ таъмин намуда, ҳамзамон соҳибкорону саховатмандонро ҷиҳати дасти кумак дароз намудан ба ин шахсияти нобино пайваста ҷалб менамоянд, зеро дасти кумак дароз намудан ба чунин нафарони ниёзманд аз фазилатҳои неки инсони мебошад