ТАШАББУСИ ҲИЗБИИ “ЯКҶОЯ МЕСОЗЕМ”

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дирӯз ҷиҳати иҷрои Нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун  ва бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки муовини раиси  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Зайдуллоев Муҳаммадҷон таъмири роҳҳои кӯҷаҳои деҳаи Лоҳутии Ҷамоати деҳоти Истиқлол оғоз ёфт. 

Аксияи мазкур бо дасгирии соҳибкорону аъзои фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон тариқи ҳашар амалӣ гардида, ташаббускорон масоҳати 6 киллометр роҳи ин деҳаро таъмир менамоянд.

Мавриди зикр аст, ки ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ чунин иқдомҳои хайрхоҳона ва дастаҷамъона аз ҷониби аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар дигар деҳаҳои ноҳия низ амалӣ хоҳанд гашт.