ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ “РАЁСАТИ МОЛИЯ”-И НОҲИЯ, МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ – ИНТИХОБОТӢ ГУЗАРОНИДА ШУД.

Ҷайҳун:  

Тибқи нақшаи кории Кумитаи иҷроия ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун санаи 12-уми июни соли 2024 дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Раёсати молия»-и ноҳияи Ҷайҳун маҷлиси ҳисоботи-интихоботӣ, баргузор гардид. Дар корӣ маҷлиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии мазкур раиси  Кумитаи иҷроия ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун, Ҳасанзода Тағоймурод иштирок намуд. Сараввал маҷлисро раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ Гурезода Давлат  кушода, оид ба фаъолияти яксолаи ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ “Раёсати молия” ҳисобот дод.

Дар маҷлис масъалаҳо доир ба ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар давраи ҳисоботӣ ва вазифаҳо барои давраи оянда, дар бораи интихоби раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Раёсати молия», дар бораи интихоби муовини раиси ташкилоти ибтидоии «Раёсати молия», дар бораи интихоби вакилон ба конференсияи ҳисоботӣ-интихоботии 18-уми Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун баррасӣ гардида қарорҳои дахлдор қабул гардид.

Ҳамзамон раиси Кумитаи иҷроия дар ноҳия, Ҳасанзода Тағоймурод ба сухан баромада, зимни баромади  худ оид ба ҳаракати аъзои ҲХДТ, пардохти саривақти ҳаққи узвият, ҳуҷҷатгузорӣ ва ҷоннок намудани фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ, инчунин дар амал тадбиқи намудани ташаббусҳои ҲХДТ бахшида ба сазовор ҷашн гирифтани 30- солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, иштироки фаъолонаи аъзоҳои ҳизбӣ дар чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ, тақвият бахшидани фаъолияти ҳизбӣ, тарбияи насли наврас дар руҳияи ватанпарастиву хештаншиносӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии шаҳрвандон, даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, тозаю озода намудани манзилҳои зист ва вусъати корҳои ободонию сабзкорӣ, самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ, риояи талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва дар ин замина барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ибрози андеша намуданд.