ДАСТИ КУМАК БА НИЁЗМАНДОН

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 6-уми июни соли 2024 бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба дастгирии маъюбон, ба писар ва парастори маъюби гурӯҳи 1-уми деҳаи Ҷавонони Ҷамоати деҳоти Қумсангир Муродов Асрор дар арафаи Иди Қурбон нафақаи ҳизбӣ барои ду моҳа ба миқдори 1000 сомонӣ дастрас гардонида шуд.

Зимни супоридани нафақаи ҳизбӣ сармуҳосиби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Хоҷаева С. иброз намуд, ки маъюбону барҷомондагон ва шахсони якаву танҳо пайваста зери ғамхории давлату ҳукумат, хусусан Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, ба ин табақаи ниёзманди ҷомеа ҳамеша таваҷҷуҳи хоса зоҳир мегардад.

Аз ин ғамхориҳо ин шахси маъюб ва хонаводаи у бисёр руҳбаланд гардида, миннатдории хешро ба роҳбарияти Олии мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббускорони ин кори хайру савоб изҳор намуданд