ТАДБИҚИ ДАСТУРУ СУПОРИШҲОИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ ҶИҲАТИ БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚИИ ШАҲРВАНДОН

Ҷайҳун:  

Маврид ба зикр аст, ки тибқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷайҳун гурӯҳи корӣ  вобаста ба эълон гардидани соли 2024 ҳамчун “Соли маърифати ҳуқуқӣ” ва иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,  инчунин дар сатҳи баланди сиёсӣ истиқбол намудани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Горкий, Ҷамоати деҳоти “Яккадин”-и ноҳия бо фаъолон ва аҳолии деҳоти мазкур суҳбату вохӯрии судманд баргузор гардид.

Зимни суҳбату вохӯрӣ бо мақсади баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, риояи талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», "Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ", истиқболи шоиста аз 30-солагии ҲХДТ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, пешгирӣ аз тарғиби фарҳанги бегона ва бегонапарастӣ, содиршавии ҷиноятҳо аз ҷониби ноболиғон, ҷавонон, занон, риояи фарҳанги либоспӯшӣ, пешгирии пошхӯрии оилаҳои ҷавон,  пешгирии худкушӣ ва суиқасд ба ҷони худ ва дигар амалҳои ношоиставу номатлуб прокурори ноҳияи Ҷайҳун-Бобохонзода Фирӯз Бобоҷон, раиси ҲХДТ дар ноҳия-Ҳасанзода Тағоймурод, раиси суди ноҳия-Нурализода Сафар Маҷид, Сардори ШВКД дар ноҳия-Тоҳирзода Рустам Тоҳир, мудири шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Ҷайҳун-Камолзода Ҷалолиддин, мудири шуъбаи маорифи ноҳия-Эшонзода Умед, мудири бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, Тоҷидинзода Сумангул ва сардори шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳия Маҳмадраҷабзода М  иштирок ва суханронӣ намуданд.

Қобили қайд аст, ки вохӯриҳои мазкур мунтазам дар ҳар як деҳаву маҳаллаҳои ноҳия, баргузор карда мешавад.