САР БАР ГИРЕБОН ХУД РУЗӢ БОЯД КАРД, З ОН ПАС ЗИ КАС ГУФТУГУ БОЯД КАРД.

Ҷайҳун: Вокуниш  

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона дар асоси Конститутсияи давлатӣ маҳсуб ёфта, баъди ба даст овардани Истиқлоли комил роҳи ягонаи рушди худро интихоб намуда, дар масири интихобкарда ва дурусти хеш бо қадамҳои устувор ва ҳадафҳои созанда рушду нумуъ ёфта, ба як давлати пешрафтаву мутамаддин табдил ёфт.

Бо назардошти дастовардҳои олӣ, сиёсати созанда ва истиқлолу ҳамбастагии миллати соҳибтафаккури тоҷик бояд иброз намуд, ки дар замони муташанниҷ будани авзои сиёсии ҷаҳон, рақобатпазирии давлатҳои абарқудрат, густариш пайдо кардани гурӯҳои манфиатхоҳ ва падидаҳои номатлуби глобалӣ яке аз ҷанбаҳои хатарзо барои истиқлолияти комили тамоми давлатҳои ҷаҳон мебошад.

Аз ҳама ҳолати хатарнок барои давлатҳои соҳибистиқлол ин густариш пайдо кардани гурӯҳҳои экстремистӣ ва террористӣ, роиҷ кардани андешаҳои тундгароӣ аз ҷониби мубалиғони гурӯҳҳои манфуру манфиатхоҳ мебошад. Ҳамин аст, ки мубалиғони ин гурӯҳҳо бо мақсади тафриқаандозӣ ва ҷойгузин намудани андешаи чапгаро ва ифротӣ аз дини мубини Ислом суистифода намуда, мақсадҳои шуму ғаразноки худро бо ин роҳ дар сару андешаи афроти бесавод ва беилму нохудогоҳ ҷой мекунанду амалӣ кардан мехоҳанд.

Мо мардуми шарифи кишвар хуб дар хотир дорем, ки ҳодисаҳои нангини ҷанги бародаркушӣ солҳои 90-уми асри гузашта маҳз аз рӯи ана ҳамин гуна афроди манфур ба вуқуъ пайваст ва дар ин ҷанг на каси дигар ва на давлати дигар, балки худи мо ва кишвари мо қариб ба вартаи нобудӣ расида буд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сиёсати одилона ва оқилонаву дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ин вартаи нобудӣ раҳо ёфт ва ин таҷрибаи комил шуд.

Мардуми азизи кишвар аз ин ҳолат дарси ибрат гирифта, дигар ҳаргиз фирефтаи чунин манфурони ҷоҳталабу ифротӣ нахоҳанд шуд. Чуноне, ки ба хамагон маълум аст, дар шабакаи иҷтимоӣ баъзе тангназарон ва ҷоҳилон дар пардаи мавлвию мавлоно нисбат ба сиёсати давлатӣ ва арзишҳои миллию фарҳангии мо ақидаҳои чапгаронаву муғризонаи худро равона сохта, худро ба тарзе ғамхори мардуму Ислом нишон медиҳанд, ки яке аз инҳо бо итминони комил Абдулқодири Ҳомӣ ва мавлавӣ Фирўз аз кишвари Афғонистон мебошанд. Оё ин ҷои тааҷҷуб нест, ки як шахси ба қавли худаш дилсӯзи миллату мардум дар кишваре, ки ҳуқуқу озодиҳои инсон, занону духтарон ба кулли поймол шуда, илова бар ин, кишвар дар ҳолати табоҳ қарор дорад ба ҷойи ҳимояи мардуми сарзамини хеш, ободу зебо намудани ин кишвар нигоҳашро ба тарафи кишвари дигар духтааст? Оё дилсӯзӣ ҳамин аст? Хеле аҷиб аст. Ин аз он далолат мекунад, ин манфурон ва хоинону террористон ба миллати худ раҳму шавқат ва дилсӯзи надоранд, чӣ расад ба миллату давлати дигаре. Мо бо он сабақе, ки аз таърих ва гузаштаи худ дорем бояд хуб дар зеҳнамон бошад ва зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва фирефтаи суханҳои ифротию иғвоангезонаи ин қабил шайтонсифатон нагардем. Чуноне, ки Пешвои муаззами миллат иброз доштанд: «Бо умеди ягон кас нашавем. Ҳеҷ кас омада барои мову шумо давлат намесозад».

Бинобар ин, лозим аст, ки мардуми сарбаланди Тоҷикистон дар атрофи сиёсати давлат ва Ҳукумати мамлакат муҳтаҳҳид бошем ва ҳамчун ангушти як мушт барои ободию озодӣ ва ҳифзи тамомияти арзии кишварамон дар давраи ҳассоси таърихӣ сарҷамъ бошем.

Аз ин хотир, қайд менамоям, ки миллати мо бо сиёсати созанда ва инсондӯстонаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамаи ормонҳои миллӣ расидаву барои боз ҳам ободу зебо намудани ин кишвари биҳиштосо дар ҳамдилию ҳамбастагӣ талош намуда истодаанд ва аз ин неъмати соҳибдавлатӣ ифтихор дорему ризоем ва он мавлавии толибгароро мебояд, ки барои миллати худ ва сарзамине, ки дар он ҳеҷ арзишҳои инсонӣ роиҷ нест дилсӯз бошад.

Тоҷикистон ватани маҳбуби мост ва ҳар як фарди кишварро мебояд барои пешрафт, рушду тараққӣ ва субботу амнияти он масъулияти шаҳрвандии худро равона созад ва бо баланд бардоштани маърифатнокии шаҳрвандон алайҳи ҳама гуна зуҳуроти номатлуби давр саҳмгузор бошанд.

КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун.