СУҲБАТУ ВОХӮРӢ БО АҲЛИ ҶОМЕА

Ҷайҳун:  

Санаи 23-юми апрели соли ҷорӣ бо мақсади идома бахшидани мулоқоту вохӯриҳо ҷиҳати дар амал тадбиқ намудани дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Ҳасанзода Тағоймурод бо сокинони деҳаи “Орзӯ”-и Ҷамоати деҳоти Қумсангир дар муассисаи таълимии №21-и деҳа вохӯрӣ баргузор гардид.

Зимни вохӯрӣ ҳамзамон раиси маҳалла ва директори муассисаи таълимӣ иштирок ва суханронӣ намуда, ҷиҳати иҷрои сифатноки талаботҳои қонунҳои миллӣ, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, самараноку оқилона истифодаи ҳар як ваҷаб замини дар ихтиёрдошта, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ, ҷалби бекорон баҳри кор дар иншооти бузурги аср НБО “Роғун” ва саҳмгузорӣ дар ободию пешрафти кишвар ба ҳозирин дастуру маслиҳатҳои муфид дода шуд.