МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ АМАЛУ КИРДОРҲОИ КОРРУПСИОНӢ КОРИ ДАСТАҶАМЪИСТ.

Ҷайҳун: Андеша  

Мубориза бар зидди коррупсия дар xомеаи муосир ба як масъалаи доuи рeз табдил ёфтааст. Дар xаҳон кишваре нест, ки бо ин мушкилот рӯ ба рӯ нашуда бошад ва алайҳи он муборизаи дастаxамъb набарад.

Асоси ҳукуқии мубориза бо ин зуҳуроти хавфнок аз Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди коррупсия манша мегирад, ки ин санади байналмилалb 31 октябри соли 2003 қабул гардида, Ҷумҳурии Тоҷикистон {амчун як xузъи комил{уrуrи xомеа 25 сентябри соли 2006 ба ин ҳуҷҷати муҳим имзо гузошта, ба узвияти Конвенсияи СММ пазируфта шуд.

Шароит ва заминаҳои иқтисодии пайдоиш ва ривоҷи коррупсия дар ин ё он кишвар гуногунанд, вале ба таври куллӣ омилҳои зерин ба ривоҷ ёфтани ин падидаи номатлубу манфӣ мусоидат менамоянд:

- дахолати аз ҳад зиёд ва баъзан беасос ба фаъолиятҳои иқтисодӣ;

- сиёсати ғайрисамараноки андозситонӣ ва гумрукӣ;

- паст будани сатҳи ҳаёти хизматчиёни давлатӣ нисбат ба кормандони бахши хусусӣ ва арзиши ҳадди ақали рӯзгузаронӣ;

- мавҷудияти имконоти нобаробар миёни субъектҳои фаъолияти иқтисодӣ;

- сатҳи  камбизоатӣ;

- маҳдуд кардани рақобати бозорӣ ва мавҷудияти монополия дар иқтисод;

- набудани шаффофият дар фаъолияти молиявии давлат ва ғайра.

Баҳри бартараф намудани мушкилоти ҷойдошта ва муборизаи густурда бар зидди коррупсия дар ҷумҳурӣ як силсила чораҳои ташкилӣ, ҳуқуқӣ ва иҷтимоӣ амалӣ шудаанд. Ҳамаи ин заминаҳои ҳуқуқӣ ва воқеиро ба шаҳрвандон барои озодона фаъолият намудан ба дарёфти шароити арзандаи зиндагӣ фароҳам оварда, ба мақомоти давлатӣ барои пурзӯр намудани мубориза бо коррупсия такони ҷиддӣ бахшид.

25 июли соли 2005 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бо коррупсия» аз нав қабул ва меъёрҳои он ба Конвенсияи СММ мувофиқ гардиданд. Ислоҳоти мақомоти иҷроияи маҳаллии  ҳокимияти давлатӣ бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд, ки дар қатори онҳо таъсиси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мадди назар буд.

Бо ҳамин, 10 январи соли 2007 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” таъсис ёфт.

 

ХОҶАЕВА СОФИЯ - мудири шуъбаи молия - сармуҳосиби КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун