АМАЛИЁТИ МУШТАРАК ЗЕРИ УНВОНИ “СОАТИ СИЁСӢ” ДАР МТМУ №5

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ҷиҳати дар амал татбиқ намудани Амалиёти муштараки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳкими низоми таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ, ҳамзамон, бо мақсади баланд бардоштани маърифати сиёсии наврасон ва ҷавонон, тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, истифодаи дурусти телефонҳои мобилӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Ҷайҳун “Соатҳои сиёсӣ” баргузор гардида истодаанд.

Ин навбат санаи 28-уми майи соли равон бо хонандагони синфҳои болоӣ ва хатмкунанда дар муассисаи таълимии № 5-и Ҷамоати деҳоти Панҷи ноҳия “Соати сиёсӣ” бо иштироки намояндагони шуъбаи маорифи ноҳия, устодони собиқадори соҳа ва маъмурияти муассиса баргузор гардид.