РАФТИ АМАЛИЁТИ “СОАТИ СИЁСӢ” ДАР МТМУ №3

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Амалиёти муштараки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳкими низоми таълиму тарбия дар муассисаи таълимии №3-и ноҳия, бо иштироки директори муассиса ва омӯзгорони собиқадор баргузор гардид.

Зимни чорабинӣ оид ба масъалаҳои мубрами рӯз хусусан оид ба мавзӯҳои “Таъмини волоияти қонун ҳамчун қарзи шаҳрвандӣ ва муқовимат ба ҳолатҳои қонунвайронкунӣ” ва “Вазъи сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷаҳон дар давоми моҳи ҷорӣ” ба хонандагон маълумотҳои муфид дода шуд.