ЁДЕ АЗ ГУЗАШТАГОН...

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 29-уми майи соли равон бо мақсади иҷрои банди 34-и Нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун ҷиҳати баргузории Амалиёти муштараки вилоятӣ оид ба тозакунии дохил ва ҳудуди қабристонҳо зери унвони “Рӯзи ёдоварӣ” дар  деҳаҳои Ҳомиён ва Ҷавонони  Ҷамоати деҳоти “Қумсангир” аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Рӯзӣ Ёдоварӣ” бо ҷалби сокинон ва аъзоёни фаъоли деҳаҳои номбурда роҳандозӣ гардид.   

Аксияи мазкур бо иштироки муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Зайдуллоев Муҳамадҷон, раиси деҳаҳои Ҳомиён ва Ҷавонони  Ҷамоати деҳоти “Қумсангир”, 3 нафар эмомхатибони Ҷамоати мазкур, аъзоён ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид.

Метавон зикр намуд, ки дар ин рӯз сокинон бо як руҳу илҳоми тозза ба ҳашари дастаҷамъона баромада, баҳри тозаю озода намудани дохил ва гирду атрофи оромгоҳҳои мазкур ва бо ин васила шод гардонидани хотироти гузаштагон саҳми арзандаи хешро гузоштанд.