МАЪРАКАИ НИҲОЛШИНОНӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “ИСТИҚЛОЛ”

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси нақшаи чорабиниҳо ва барқияҳои телефонӣ ҷиҳати амалӣ намудани корҳои созандагиву ободонӣ ва сарсабзу хуррамгардонии диёр бахшида ба сазовор истиқбол аз 30-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ҳамзамон ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ, имрӯзҳо бо истифода аз ҳавои офтобӣ ва мусоид иқдомҳои неки кабудизоркунӣ ва дарахтшинонӣ аз ҷониби аъзои фаъоли ҲХДТ ва сокинон амалӣ гардида истодааст.

Дар ин росто, бо иштироки бевоситаи аъзои Кумитаи иҷроияи вилоятии ҳизб, раиси ноҳияи Ҷайҳун муҳтарам Одиназода А. А., намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия, кормандони бахши ҳифзи муҳити зист, раис ва аҳли ҷамоатчигии ташкилоти ибтидоии “Истиқлол” чунин аксия баргузор гардида, иштирокдорон бо як руҳияи баланди ватандӯстиву меҳанпарастӣ дар ҳудуди деҳаи Деҳқонободи ҷамоати мазкур дарахтони ороишиву ҳамешасабз шинониданд, ки ин  ба ҳусни диёр зебоӣ зам хоҳад намуд.

         Чунин иқдом имрӯзҳо дар дигар ҷамоатҳои ноҳияи Ҷайҳун бо маром амали гардида, сокинон дар ободии ноҳия саҳми арзандаи хешро гузошта истодаанд.