ШАНБЕГИИ ДАСТАҶАМЪОНА ДАР НОҲИЯИ ҶАЙҲУН

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади саҳм гузоштан дар корҳои ободонӣ ҳамзамон баҳри иҷрои супоришҳои мақомтоҳои болоии ҳизбӣ ва нақшаи корӣ аз ҷониби аҳли аъзои ҳизб, ҷонибдорон ва кормандони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии “Раёсати молия”, “Ҳифзи муҳити зист”, “Ҳифзи иҷтимоӣ” ва “Шуғли аҳолӣ” дар ноҳияи Ҷайҳун шанбегии дастаҷамъона баргузор гардид.

Зимни баргузории шанбегии мазкур роҳравҳо, ҷӯйборҳо, зери дарахтону гулҳои саҳни бинои ташкилоти ибтидоии “Раёсати молия” ва гирду атрофи он нарм ва рубу чин гардида, ба ҷои гулҳои хушкида боз аз нав гулҳои сабзи ороишӣ шинонида шуд.