“ҲХДТ – ҲИЗБИ СОЗАНДАВУ БУНЁДКОР”

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ободу зебо ва шукуфон намудани Ватани азизамон, аз ҷумла вусъат бахшидани корҳои созандагиву бунёдкорӣ, имрӯзҳо дар ноҳияи Ҷайҳун Аксияи ҳизбӣ зери унвони “ҲХДТ – ҳизби созандаву бунёдкор” бахшида ба 30-солагии таъсисёбии ҲХДТ бо саҳми кормадон, аъзои фаъоли ҲХДТ ва ҷонибдорон чунин корҳои созандагӣ бо маром амалӣ гардида истодааст.

         Чунин ташаббус имрӯз бо ҷалби аъзои фаъоли ташкилоти ибтидоии “Сомонӣ” баргузор гардида, дар атрофи биноҳо, роҳравҳо ва ҷӯйҳои обгузари кучаи Сомонӣ дарахтони ҳамешасабз ва гулҳои ороишӣ шинонида шуд.