ИСТИҚБОЛИ ШОИСТА АЗ 30-СОЛИ СОЗАНДАГИҲО

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи таҷлили фархунда аз 30-солагии Рӯзи таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон имрӯзҳо дар саросари кишвар, хусусан ноҳияи Ҷайҳун бо саҳми аъзои фаъоли ҳизб, ҷонибдорон ва саховатмандон якқатор корҳои ободонию созандагӣ, аз он ҷумла сохтмони иншоотҳои хизматрасонӣ бо маром амалӣ гардида истодааст.

         Дар ин росто, аз санаи 5-уми марти соли 2024 сар карда дар ноҳияи Ҷайҳун сохтмони бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо шиддат оғоз гардида, итминон аст, ки то рӯзи ҷашн яъне 30-солагии Рӯзи таъсисёбии ҲХДТ мавриди истифода қарор хоҳад гирифт.

         Дар мавриди истифода қарор гирифтани бинои нави Кумита ҳам шароити кории кормандон ва ҳам сатҳу сифати фаъолият беҳтару хубтар хоҳад гардид.