"СОАТИ СИЁСӢ" ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Тибқи нақшаи муштараки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳар рӯзи шанбеи охири моҳ дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Ҷайҳун ҷиҳати баланд бардоштани маърифати сиёсии наврасон ва ҷавонон, тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносӣ, ҳувияти миллӣ, ва эҳтиром гузоштан ба омӯзгорону калонсолон Амалиёти муштарак зери унвони "Соати сиёсӣ" гузаронида мешавад.

Ин навбат, чунин ташаббус санаи 24-уми феврали соли равон дар муассисаи таълимии №26-и Ҷамоати деҳоти Истиқлол бо иштироки маъмурият ва омӯзгорони соҳибтаҷрибаи муассисаи таълимии номбурда “Соати сиёсӣ” вобаста ба мавзӯҳои “Артиши миллӣ – сипари боэътимоди кишвар” ва “Тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи Ватандӯстию хештаншиносӣ” баргузор карда шуд.

Дар рафти баргузории ин амалиёт ҳар як маърузачӣ дар доираи мавзуҳои болозикр ба хонандагон маълумотҳои зарурӣ ва муфид пешниҳод намуданд.