АМАЛИЁТИ "СОАТИ СИЁСӢ" ДАР МУАССИСАИ ТАЪЛИМИИ №15

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси нақшаи муштараки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳар рӯзи шанбеи охири моҳ дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Ҷайҳун Амалиёти муштарак зери унвони "Соати сиёсӣ" гузаронида мешавад.

Дар ин росто, санаи 24-уми феврали соли равон дар муассисаи таълимии №15-и Ҷамоати деҳоти Панҷ бо иштироки маъмурият ва омӯзгорони соҳибтаҷрибаи муассисаи таълимии номбурда “Соати сиёсӣ” вобаста ба мавзӯҳои “Артиши миллӣ – сипари боэътимоди кишвар” ва “Тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи Ватандӯстию хештаншиносӣ” баргузор карда шуд.

Дар рафти баргузории ин амалиёт ҳар як маърузачӣ ҷиҳати баланд бардоштани маърифати сиёсии наврасон ва ҷавонон, тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносӣ, ҳувияти миллӣ, ва эҳтиром гузоштан ба омӯзгорону калонсолон дар доираи мавзуҳои болозикр ба хонандагон маълумотҳои зарурӣ ва муфид пешниҳод намуданд.