РАФТИ БАРГУЗОРИИ "СОАТИ СИЁСӢ" ДАР МУАССИСАИ ТАЪЛИМИИ №4

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади баланд бардоштани маърифати сиёсии наврасон ва ҷавонон, тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносӣ, ҳувияти миллӣ, ва эҳтиром гузоштан ба омӯзгорону калонсон, дар асоси нақшаи муштараки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, имрӯзҳо дар муассисаҳои таълимии ноҳия Амалиёти муштарак зери унвони "Соати сиёсӣ" гузаронида мешавад.

Ин навбат, санаи 24-уми феврали соли равон дар муассисаи таълимии №4-и Ҷамоати деҳоти Панҷ бо иштироки роҳбарият ва омӯзгорони соҳибтаҷрибаи муассисаи таълимии номбурда “Соати сиёсӣ” доир ба мавзӯҳои “Артиши миллӣ – сипари боэътимоди кишвар”, “Паёми Пешвои миллат – роҳнамо баҳри фардои дурахшон” ва “Тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи Ватандӯстӣ” баргузор карда шуд.

Дар рафти баргузории ин амалиёт ҳар як маърузачӣ вобаста ба мавзуҳои болозикр ба хонандагон маълумотҳои зарурӣ ва муфид расониданд.