АКСИЯИ НИҲОЛШИНОНӢ ДАР НОҲИЯИ ҶАЙҲУН

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Шинонидани дарахтони ороишӣ, мевадиҳанда, гулу гулбутаҳо ва дигар намуди дарахтон дар ноҳияи Ҷайҳун бо ташаббуси аъзои ҲХДТ, фаъолон ва сокинон бо маром идома дорад.

Аз ҷумла, санаи 24-уми феврали соли ҷорӣ масъулини ташкилоти ибтидоии “Яккадин” ба шанбегӣ ва ҳашари дастаҷамъона баромада, дар деҳаҳои ҳудуди ҷамоат беш аз 500 адад дарахтони сояафкан дар намуди “Павлониа” шинонида шуд.

         Чорабинии мазкур аз як тараф саҳм гузоштан дар ободии диёр бошад, аз тарафи дигар ин пеш аз ҳам баҳри тозаю озода ва муҳофизати фазои экологӣ баргузор карда шудааст.