ШИНОНИДАНИ ГУЛҲОИ ОРОИШӢ ДАР АТРОФИ БИНОИ ҲХДТ

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Имрӯз бо иштироки ҷамъи кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷайҳун ҷиҳати тозаю озода гардонидани муҳити атроф ва саҳм гузоштан дар корҳои ободонӣ дар назди бинои Кумита шанбегӣ баргузор гардид.

Дар ин чорабинӣ гирду атрофи бинои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия рубучин ва аз ҳаргуна партовҳо  тоза карда шуд. Ҳамзамон, баҳри зебои дар ҳавлии бино гулҳои ороишии намуди садбарг шинонида шуд, ки ин ба ҳусни атроф зебоӣ зам намуд.

Метавон зикр кард, ки чунин шанбегиҳо бо иштироки кормандони ҳизби ноҳия ва ҷалби фаъолону волонтёрон ҳар ҳафта рӯзҳои истироҳатӣ баргузор мегардад.