САҲМИ ҲИЗБИЁН ДАР ОБОДИИ ДИЁР НАЗАРРАС АСТ!

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи истиқболи шоиста аз ҷашни муҳими сиёсӣ 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ ҳамзамон 30-юмин солгарди таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, имрӯзҳо дар ҳудуди ноҳияи Ҷайҳун бо ҷалби аъзо ва ҷонибдорони ҳизб, соҳибкорон ва саховатмандон корҳои ободониву созандагӣ дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя месозем” баргузор карда шуда истодааст.

Дар ин росто, бо ташаббуси ташкилотҳои ибтидоии “Наврӯз” ва “Сомонӣ” ва ҷалби сокинон дар кӯчаи марказии Ҷамоати шаҳраки Дӯстӣ чунин амали созандагӣ амалӣ гардида, атрофи муассисаи таълимии №17 бо панҷараҳои оҳанин ва замонавӣ маҳкам гардонида шуд. Ҳамзамон тибқи маълумоти масъулин дар назар аст пас аз хотимаи насби панҷараҳо, баҳри рушноӣ ва зебоӣ атрофи муассиса чароғон гардонида хоҳад гашт.

Аҳли сокинон ва фаъолону ҷонибдорони ҳизбии ноҳияи Ҷайҳун бо дили гарму руҳияи болида ва меҳру муҳаббат аз Ватану ватандорӣ пайваста аз пайи ободу зебо гардонидани кӯчаю деҳотҳои ҳудуди ноҳия буда, саҳмгузор дар ободии Ватан мебошанд.