«КОРВОНИ САЛОМАТӢ» БАҲРИ ХИЗМАТРАСОНИИ ТИББӢ БА СОКИНОН

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади расонидани кумаки тиббӣ ва огаҳи аз вазъи саломатии сокинон имрӯзҳо аз ҷониби ташкилоти ибтидоии “Шифо” дар ноҳияи Ҷайҳун дар тамоми ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Ҷайҳун иқдоми «Корвони саломатӣ» амалӣ гардидаистодааст. Дар ин иқдом як гурӯҳ табибони баландихтисоси беморхонаи марказии ноҳия ҷамъ омадаанд, ки ҳар яки онҳо метавонанд дар як рӯз то 45-50нафарро қабул ва муолиҷа намоянд.

Имрӯз ин корвон ба Ҷамоати деҳоти Истиқлоли ноҳия ворид гардиданд, ки  ба усули хона ба хона ба сокинон хизмат мерасонанд.

Тибқи иттилои масъулин дар ин иқдом 21 нафар кормандони ихтисосҳои гуногуни тиббӣ ширкат намуда, хоҳишмандон метавонанд аз хизматҳои духтурони асабшинос, кардиолог, гинеколог, терапевт ва педиатр истифода намоянд. Аз ҷумла, барои аҳолӣ ташхиси ултрасадо, рентген, маммография, гузаштани кардиограмма ройгон анҷом дода шуда, инчунин маслиҳату машваратҳо дода мешаванд.

Метавон зикр намуд, ки ҳадафи «Корвони саломатӣ» ин дастрас намудани хизматрасонии тиббии баландсифат ба сокинони ҳар як деҳаи дурдаст мебошад.