ХУРОФОТРО БО ИЛМУ ДОНИШ МЕТАВОН РЕШАКАН КАРД!

Ҷайҳун: Вокуниш  

Илму дониш баҳри ноил гардидан ба зиндагии шоиста нақш ва ҷойгоҳи аввалиндараҷа дорад, зеро дар замони муосир касе бо илму дониш мусаллаҳ нест, дар ҳамаи ҷанбаҳои зиндагӣ ноком ва шикастхӯрда ҳисобида мешавад. Ин аст, ки дар замони кунунӣ мақому ҷойгоҳи илму дониш ва олимону донишмандон дар мартабаи баланд қарор доранд.

Хурофот ва хурофотзадагӣ яке аз мушкилоти зеҳнию равониест, ки дар ҳар давру замон вобаста ба доираи донишу маърифати инсонҳо дар шаклҳои гуногун вуҷуд доштааст. Олимон исбот кардаанд, ки ҳар қадар таассубу хурофот дар ҷомеа реша давонад, ҳамон қадар каҷравию мушкилиҳои равонӣ, ахлоқӣ, маданӣ ва сиёсӣ-мафкуравӣ зиёд мегардад ва инсонҳоро аз рушду инкишофи зеҳнию ақлонӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ бозмедорад.

Хурофот  аз калимаи арабии “ал-хурофа” ва шакли ҷамъи он “ал-хурофот” буда,  маънои мавҳумот, суханони хилофи ҳақиқат,  пиндор, афсона ваё эътиқод ба ҷоду ва тилисмотро ифода мекунад.

Имрӯз вазифаи ҷонии мо ин аст, ки фарзандонро дар рӯҳияи илмомӯзӣ тарбия намоем. Бо дарназардошти талаботи замон бояд имрӯз фарзандони мову шумо олим шаванд, донишманд шаванд. Дар ҳолате ки илму техника имрӯз бо суръати кайҳонӣ пеш меравад, пойбанди хурофот ва фарҳанги асримиёнагӣ будан маънои беэътиноӣ, бемасъулиятӣ, бетарафӣ нисбат ба ояндаи тақдири худ ва насли минбаъдаро дорад. Сатҳи хурофоту андешаи хурофотиро танҳо бо хондани китоб, пеш аз ҳама ба таври асоснок, муътамад ва ҳаматарафа рушд бахшидани илмҳои дақиқ метавон коҳиш дод. Аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ҳамасола эълон гардидани озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, «Илм –фурӯғи маърифат» бесабаб набуд. Бубинед, ин озмун ҳазорон нафар аз фарзандони мову шуморо ба китобхонӣ ҳавасманд кард.

 Ягона роҳи таъмини хушбахтии воқеии аҳли ҷомеа илму маориф аст, на хурофоту ҷаҳолат. Аз ин рӯ, ҳар шахси ватандӯсту меҳанпарастро зарур аст, ки ба муқобили хурофоту хурофотзадагӣ мубориза барад ва чун ниёгони хеш парчами илму маърифатро баланд бардошта, онро роҳнамои ягона ва воқеан ҳам дурусти зиндагӣ қарор диҳад.

Осори гузаштагони мо саросар аз ғояҳои тарбияи солими фарзанд дар рӯҳияи худшиносиву илмандузӣ, эҳтиром ба гузаштаи пурифтихор ва ояндасозӣ иборат аст.

 Бо такя ба пойгоҳи илмӣ-маърифатии арзишманд ва ҷаҳонбнии қавии илмӣ кишварҳо давлати пешрафта месозанд, ҷомеаро бозсозӣ мекунанд, Кайҳонро фатҳ мекунанд ва сатҳи некӯаҳволии мардумро бомаротиб боло мебаранд. Аз ин рӯ, бояд саъю талоши илму касбомӯзӣ,   ҳадафмандона аз сӯи тамоми қишрҳои ҷомеа аз хурд то калон роҳандозӣ гардад ва ҷавонони дорои иқтидори баланди ақлию зеҳнӣ, масъулиятшинос, пешоҳангони ин раванди ҳаётсоз дар Тоҷикистони азиз бошанд.  Масъалаи таълиму тарбияи фарзанд як масъалаи саҳлу содда набуда, аз падару модарон аҳаммияту таваҷҷуҳи ҷиддиро тақозо менамояд. Падару модарон бояд дар зиндагии фарзандони худ намунаи ибрат бошанд, то фарзанди онҳо аз кору рафторашон эҳсоси ифтихор кунад. Ватандӯстиву миллатпарвариро фарзанд пеш аз ҳар каси дигар аз падару модари худаш меомӯзад. Аз ин рӯ, волидонро зарур аст, ки пеш аз ҳама дар ин роҳ барои фарзандону пайвандони худ намуна бошанд ва мунтазам рафтору амалкарди фарзандонро зери назорат гиранд. Махсусан аз фаъолиятҳои интернетии онҳо доим огаҳи пайдо намуда, донанд, ки фарзандон дар баҳри беканори интернет ба чӣ корҳо машғуланд. Мутаассифона, баъзан чунин беназоратиҳо боис мешаванд, ки наврасону ҷавонон туъмаи гурӯҳҳои ифротӣ гардида, аз тариқи интернет ба сафи чунин гурӯҳҳо мепайванданд.

Хулоса, хурофот ва хурофотпарастӣ ҷомеаро ба ақибмондагӣ, таассуб ва кундии рушд дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ меоварад ва дар маҷмӯъ, ҷомеаро дар баробари хатарҳо бемуқовимат ва ҳалқаи силоҳ мекунад. Гузашта аз ин, мардум бо такя ба хурофот зудбовар гардида, аз ҷониби гурӯҳҳои ифротӣ тез фирефта мешавад. Аз ин рӯ, хурофотпарастиро танҳо бо роҳи дастаҷамъӣ ва доштани илму дониши қавӣ аз байн метавон бурд.

Гадоев Асҳобиддин – муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун