БАҲРИ ТАЪМИНИ ЗИНДАГИИ АРЗАНДАИ ХУД МЕҲНАТ МЕКУНЕМ!

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Имрӯзҳо бо фаро расидани фасли баҳор ва мавсими кишту кор дар ноҳияи Ҷайҳун баҳри беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳои кишт ва сари вакт бо оби полезӣ таъмин намудани кишоварзон бо истифода аз техникаҳои механизми соҳа тоза кардани каналу заҳбурҳо бо маром амалӣ гардида истодааст.

Чунин ибтикор аз санаи 14-уми феврали соли ҷорӣ дар Ҷамоати деҳоти Панҷи ноҳия бо ибтикори раиси ташкилоти ибтидоии ҳизби “Сомонӣ” Иблоев Сайалам, бо дастгирии Кумитаи худфаъолияти деҳаи Сомонӣ ва шахсони хайрхоҳу саховатпешаи деҳа ҷую заҳбурҳо тоза карда шуда истодаанд. Тибқи ибрози масъулин дар назараст, ки беш аз 5 км ҷую заҳбурҳои деҳа тоза карда шуда, баҳри дар оянда ҳосили фаровон руёнидан аз заминҳои кишт мусоидат хоҳад кард.