САНГФАРШНАМОӢ ДАР Ҷ/Д ҚУМСАНГИР БО САҲМИ СОКИНОН.

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асаоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати амалӣ намудани корҳои ободонӣ дар доираи Нақша чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  имрӯзҳо дар саросари кишвар корҳои созандагию бунёдкорӣ бо маром амалӣ гардидаистодааст.

Дар ин доира, фаъолону сокинони ноҳияи Ҷайҳун низ камари ҳиммат баста, баҳри амалӣ намудани чорабиниҳои мазкур дар ҳамбастагӣ ва бо ҳашарҳои дастаҷамъона дар ободии ноҳия саҳми хешро мегузоранд. Аз ҷумла, санаи 13-уми феврали соли ҷорӣ бо саҳми аъзои фаъоли ҲХДТ, сокинон ва саховатмандони деҳаи Навободи Ҷамоати деҳоти Қумсангир роҳи марказии деҳаи мазкур тариқи ҳашар сангфарш ва бетонпуш гардонида шуд.

Ҳадаф аз баргузор намудани чунин чорабиниҳо аз як тараф сазовор истиқбол гирифтани ҷашнҳои миллӣ бошад, аз ҷониби дигар воситаи хуби таъмини зиндагии шоиста ва осон гардонидани рафтуомад баҳри сокинон ба ҳисоб меравад.