АКСИЯИ ТОЗА НАМУДАНИ ОРОМГОҲҲО ДАР НОҲИЯИ ҶАЙҲУН

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 11-уми феврал дар оромгоҳи деҳаи Истиқлоли Ҷамоати деҳоти Панҷ бо ибтикори ҳизбии “Панҷ”  аксияи ҳизбӣ зери унвони "Рӯзи ёдоварӣ" ташкил ва баргузор карда шуд.

Дар чорабинии мазкур аъзои фаъоли ҲХДТ ва сокинони деҳа ҷиҳати тозаю озода кардани оромгоҳ аз ҳаргуна хасу хошок ва алафҳо худрӯй, тоза намудани шоху панҷаҳои зиёдатии дарахтон ва ҷӯйҳои обрави атрофи оромгоҳ ба ҳашари дастаҷамъӣ баромада, ҳаркадоме аз иштирокдорон саҳми арзандаи хешро гузоштанд.