ВУСЪАТИ КОРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР НОҲИЯИ ҶАЙҲУН

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи Аксияҳои ҳизбӣ зери унвони “Якҷоя месозем” баҳри сазовор истиқбол аз ҷашн гирифтани 35 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон имрӯзҳо дар ҳудуди ноҳияи Ҷайҳун корхои ободонӣ вусъати бештар пайдо намудааст.

Дар ин радиф, бо мақсади саҳмгузори дар корҳои бунёдкориву созандагӣ ва ободонии маҳалли зисту фаъолият, аъзо ва фаъолони хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ташкилоту муассисаҳои ҳудуди ноҳия дар рӯзҳои истироҳатӣ ба хашар баромада, роҳи маҳаллии ҳудуди Ҷамоати деҳоти Ваҳдати миллӣ сангфарш ва атрофи он чароғон гардонида шуд.

Ҳадаф аз баргузор намудани чунин чорабиниҳо аз як тараф сазовор истиқбол гирифтани ҷашнҳои миллӣ бошад, аз ҷониби дигар воситаи хуби тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандўстӣ, баланд бардоштани ҳисси эҳтиром ба ватану меҳан ва тарғиби маърифати шаҳрвандӣ мебошад.