САҲМИ ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОӢ ДАР ТОЗАГИИ ДИЁР

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи истиқбол аз ҷашни 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати саҳм гузоштан дар корҳои ободонӣ тибқи нақша ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе ва якшанбе дар ноҳияи Ҷайҳун ҳашарҳои умуминоҳиявӣ бо ҷалби васеи сокинон ва кормандони идораву корхонаҳо ва дигар ташкилоту муасиссаҳо баҳри тозаю озода нигоҳ доштани кӯчаву хиёбонҳо, анҷом додани корҳои ободонӣ, гулшинонӣ, ниҳолшинонӣ ва ба шаклдарории дарахтон баргузор карда мешаванд.

Ин навбат, чунин ташаббус дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Зарзамин”  бо иштироки васеи аъзои ташкилот ва кормандон шанбегӣ баргузор гардида, атрофи бинои ташкилот тозаю озода гардонида шуда, дар саҳни бино гулҳо ва дарахтони ҳамешасабз шинонида шуд.