АКСИЯИ НИҲОЛШИНОНӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “ИСТИҚЛОЛ”

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Тибқи нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати анҷом бахшидани корҳои созандагиву ободонӣ ва сарсабзу хуррамгардонии диёр бахшида ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ, ҳамзамон ҷиҳати сазовор истиқбол аз 30-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон имрӯзҳо бо истифода аз ҳавои офтобӣ ва мусоид иқдомҳои неки кабудизоркунӣ ва дарахтшинонӣ аз ҷониби аъзои фаъоли ҲХДТ ва сокинон амалӣ гардида истодааст.

Дар ин росто, санаи 10-уми феврали соли равон бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Ҳасанзода Т., раиси ташкилоти ибтидоии “ИСТИҚЛОЛ” ва аҳли ҷамоатчигӣ ва аъзои ташкилоти ибтидоии болозикр чунин аксия баргузор гардида, иштирокдорон бо як руҳияи баланди ватандӯстиву меҳанпарастӣ дар ҳудуди ҷамоат дарахтони ороишиву сояафканро шинониданд ва  ба ҳусни диёр зебоӣ зам намуданд.

         Чунин иқдом имрӯзҳо дар дигар ҷамоатҳои ноҳияи Ҷайҳун бо маром амали гардида, сокинон дар ободии ноҳия саҳми арзандаи хешро гузошта истодаанд.