ҲИФЗИ МУҲИТИ ЗИСТ – ОМИЛИ БЕҲДОШТИ САЛОМАТӢ!

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади саҳм гузоштан дар ҳифзу нигоҳдошти муҳити экологӣ ва ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ, имрӯзҳо дар тамоми ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти ноҳияи Ҷайҳун корҳои ободонӣ ва ҳашарҳои дастаҷамъона баргузор гардида истодааст.

Аз он ҷумла, санаи 10-уми феврали соли ҷорӣ бо ташаббуси аъзо ва фаъолони ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Қумсангир” дар ҳудуди ҷамоат  ҳашари дастаҷамъонаи тозагии ҳифзи муҳити зист, сафед намудани дарахтон ва шинонидани гулу гулбутаҳо бо иштироки васеи аҳли ҷамоатчигӣ доир гардид.

Метавон зикр намуд, ки дар баробари дигар ҷамоатҳои ноҳия сокинони Ҷамоати деҳоти Қумсангир дар корҳои ободонӣ ҳамеша саҳмгузор буда, дар пешрафти фаъолияти корҳои ободонию бунёдкорӣ саҳмгузор мебошанд.