АКСИЯИ НИҲОЛШИНОНӢ ДАР НОҲИЯИ ҶАЙҲУН

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи нақша-чорабиниҳои ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ҳифзи муҳити зист” дар ноҳияи Ҷайҳун ҷиҳати сарсабзу хуррам гардонидани муҳити атроф ва саҳм гузоштан дар ҳифзу нигоҳдошти фазои экологӣ, санаи 10-уми феврали соли равон дар ноҳияи Ҷайҳун аз ҷониби масъулини ташкилоти ибтидоӣ Аксияи дастаҷамъонаи ниҳолшинонӣ гузаронида шуд.

Мудири бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия, раиси ташкилоти ибтидоии “Ҳифзи муҳити зист” Зувайдзода Сайдулло Зувайдулло зимни баргузории аксияи мазкур иброз дошт, ки дар мавсими ниҳолшинониву сабзкорӣ, кормадони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, масъулину кормадони ташкилоу муасссаҳо фаъолона иштирок намуда, дарахтони ҳамеша сабз ва сояфкан шинонида шуд.

Ҳамзамон дар ин рӯз дар дохил ва саҳни боғи фарҳангию фароғатии маркази ноҳия гули садбарг ва тюлпан дар ҷойҳои муайншуда шинонида шуд.

Метавон зикр намуд, ки чунин аксияҳо дар доираи тадбирҳои ободониву созандагӣ ба ифтихори ҷашни 35-умин солгарди Истиқлолияти давлатии кишвар роҳандозӣ шуда, ҳар рӯзҳои истироҳатӣ ба ҳамин монанд корҳои кабудизоркунӣ дар ноҳияи Ҷайҳун мунтаззам гузаронида мешвад.