АЁДАТИ СОБИҚАДОРОН

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси пайравӣ аз сиёсати башардӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри дастгирии қишри ниёзманди ҷомеа, собиқадорон ва пиронсолон имрӯзҳо аз ҷониби аъзои фаъоли ҲХДТ, соҳибкорон ва саховатмандон ин гуна ашхос пайваста дастгирӣ меёбанд.

Аз он ҷумла, имрӯз бо иштироки узви Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, раиси ноҳияи Ҷайҳун муҳтарам Одиназода Абдулҳафиз Абдусаттор як қатор занҳои собиқадор аёдат гардида, кумакҳои яквақтаинаи моддӣ расонида шуд.