ИСТИФОДАИ ОҚИЛОНАИ ЗАМИН АЗ ҶОНИБИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Таҷрибаҳо собит намудаанд, ки бо истифодаи маданияти баланди истифодабарии замин метавон мушкилиҳои марбутаи кишоварзиро дар мамлакат барҳам дод.

Воқеан табиат ва иқлими кишвари мо имкон медиҳад, ки тавассути истифодаи оқилонаи замин рӯзгорамонро сафо бахшем. Бино ба сабабҳои маълум-тағйирёбии иқлим ва таъсири даргириҳои ҷомеаи шаҳрванди Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид карданд, ки бояд шаҳрвандони мамлакат аз ҳар як ваҷаб замин, пеш аз ҳама, заминҳои наздиҳавлигиву президентӣ ва заминҳои байни боғҳо самаранок истифода намуда, тамоми кӯшишу ғайрати худро барои рӯёнидани се – чор ҳосил ва дар кишти такрорӣ ҳарчи бештар истеҳсол кардани картошка, ғалладонагӣ ва лӯбиёгиҳо равона созанд.

Бо ин матлаб, аҳли омӯзгорон ва толибилмони муассисаи таълимии №21 заминҳои дар тобеияти муассисаро самаранок истифода намуда, баҳри кишту кори баҳорӣ омода менамоянд, ки ин имкон медиҳад дар боло бурдани сатҳи некуаҳволии минтақа ва муассисаи таълимӣ таъсиргузор бошад.