ТОЗАГИИ МУҲИТ – ОМИЛИ БЕҲДОШТИ САЛОМАТӢ!

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дирӯз бо мақсади тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист, беҳтар намудани вазъи экологии ҷойҳои ҷамъиятӣ ва вусъат бахшидан ба корҳои ободонӣ бо ташаббуси раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Сомонӣ” Иблоев Сайалам ва Кумитаи худфаъолияти деҳаи Сомонӣ дар ҳудуди деҳаи болозикр аксияи тозагӣ гузаронида шуд.

Зимни баргузории аксияи мазкур атрофи роҳи марказӣ ва манзилҳои истиқоматии сокинони ҳудуди деҳаи Сомонии Ҷамоати деҳоти Панҷ аз партовҳо ва ҳаргуна ифлосиҳою алафҳои худрӯй тоза гардонида шуд ва бо воситаи техникаҳои махсус партовҳо ба ҷойҳои муаян бурда партофта шуд.

Метавон зикр намуд, ки тозагии муҳити ноҳия ҳамеша дар меҳвари таваҷҷуҳи раиси ноҳия қарор дошта, пайваста баҳри тозаву озода нигоҳ доштани ҳудуди ноҳия ба масъулин дастуру супоришҳо дода мешавад.

Аз ин лиҳоз, масъулини ташкилоти ибтидоии “Сомонӣ” пас аз итмоми амалиёти мазкур аз ҳамаи истиқоматкунандагон ва сокинони деҳа даъват ба амал оварда шуд, ки ба тозагии муҳити атроф, хусусан атрофи роҳ ва ҷӯйҳои обрав диққати аввалиндараҷа дода, дар ободӣ ва зебогии деҳа, ноҳия хоса Ватан саҳми хешро гузоранд. Ин Ватан хонаи ҳамаи мост ва моро зарур аст, ки дар тозагии он бетараф набошем.