ИДОМАИ КУМАКҲО БА АШХОСИ НИЁЗМАНД

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади идома бахшидани корҳои хайру савоб ва ҷиҳати пайравӣ аз сиёсати инсондӯстонаи Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз метавон шоҳиди боз як амали нек гашт.

Бо ин матлаб имрӯз бо иқдоми раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Сомонӣ” Иблоев Сайалам дар ҳамбастагӣ бо Кумитаи худфаъолияти деҳаи Сомонӣ ба 5 оилаи эҳтиёҷманд ва яккаву танҳои деҳаи зикргардида кумаки яквақтаинаи моддӣ аз қабили равған, макарон, шакар ва биринҷ ба миқдори 150 сомонӣ, ҷамъ бо маблағи 750 сомонӣ кумак расонида  шуд.

Аз  иқдоми  пешгирифта ин оилаҳои эҳтиёҷманд бисёр хушҳол гашта, бо умеди фардои дурахшон, ба ташаббускорон ва роҳбарияти Олии мамлакат  дуои нек доданд.