КУМАК БА АШХОСИ НИЁЗМАНД-ХИСЛАТИ НЕКИ ИНСОНИСТ

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки халқи тоҷик дар асоси пайравӣ аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша бо дилу нияти поки хеш ба шахсияҳои ниёзманд ва барҷомондаи ҷомеа дасти кумаки хешро дароз мекунанд.

Ин навбат чунин амали нек ва хайрхоҳона бо иқдоми Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун ва раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Сомонӣ” Иблоев Сайалам дар ҳамбастагӣ бо Кумитаи худфаъолияти деҳаи Сомонӣ ба 7 оилаи эҳтиёҷманд ва барҷомондаи деҳаи зикргардида кумаки яквақтаинаи пулӣ ба миқдори 200 сомонӣ, ҷамъ бо маблағи 1400 сомонӣ расонида шуд.

Аз  иқдоми  пешгирифта ин оилаҳои эҳтиёҷманд бисёр хушҳол гашта, бо умеди фардои дурахшон, миннатдории  хешро ба ташкилкунандагони иқдоми мазкур ва Пешвои  миллат, Раиси  муаззами  ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон  баён менамуданд.

Бояд зикр намуд, ки ташкилоти ибтидоии “Сомонӣ” дар анҷом додани чунин кумакҳо ва иқдомҳои неки инсонӣ фаъол буда, ба сокинони эҳтиёҷманд кумакҳои хешро мерасонанд.