ОҒОЗИ СОХТМОНИ МУАССИСАИ ТАЪЛИМӢ ДАР ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЯККАДИН

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамзамон баҳри сазовор истиқбол аз ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, имрӯзҳо дар ноҳияи Ҷайҳун корҳои ободонию созандагӣ аз қабили сохтмони муассисаҳои таълимӣ ва синфхонаҳои иловагӣ бо маром амалӣ гашта истодааст.

Дар ин росто баҳри таъмини шароити хуби таълимӣ ва ба талаботҳои замон ҷавобгу будани муассисаи таълимӣ дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Яккадин сохтмони навбатии бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бо дастгирии узви Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, раиси ноҳияи Ҷайҳун ва иштироки фаъолон, аъзои ҲХДТ ва аҳли ҷамоатчигӣ оғоз гардид.