ИҚДОМҲОИ НЕКУ КАБУДИЗОРКУНӢ АЗ ҶОНИБИ ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОӢ

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси нақшаи чорабиниҳо дар самти созандагиву ободонӣ ва сарсабзу хуррамгардонии диёр бахшида ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ, ҳамзамон ҷиҳати сазовор истиқбол аз 30-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар баробари сохтмон ва таъмиру тармими иншоотҳои таъиноти иҷтимоӣ, имрӯзҳо бо истифода аз ҳавои офтобӣ ва мусоид иқдомҳои неки кабудизоркунӣ ва дарахтшинонӣ аз ҷониби аъзои фаъоли ҲХДТ сурат гирифта, аҳли ҷамоатчигӣ ва аъзои ташкилоти ибтидоии “Панҷ” бо як руҳияи баланди ватандӯстиву меҳанпарастӣ дар ҳудуди ҷамоат дарахтони ороишиву сояафканро шинонида шуда, ба ҳусни ҷамоат зебоӣ зам гардонида шуд.

Чунин иқдом имрӯзҳо дар дигар ҷамоатҳои ноҳияи Ҷайҳун бо маром амали гардида, сокинон дар ободии ноҳия саҳми арзандаи хешро гузошта истодаанд.