ИДОМАИ БАРГУЗОРИИ ШАНБЕГИҲО ДАР НОҲИЯИ ҶАЙҲУН

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи истиқбол аз ҷашни 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати саҳм гузоштан дар корҳои ободонӣ тибқи нақша ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе ва якшанбе дар ноҳияи Ҷайҳун ҳашарҳои умуминоҳиявӣ ба ҷалби васеи сокинон ва кормандони идораву корхонаҳо ва дигар ташкилоту муасиссаҳо баҳри тозаю озода нигоҳ доштани кӯчаву хиёбонҳо, анҷом додани корҳои ободонӣ, гулшинонӣ, ниҳолшинонӣ ва ба шаклдарории дарахтон баргузор карда мешаванд.

Ин набат чунин ташаббус санаи 3-юми феврали соли 2024, дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Истиқлол" бо иштироки васеи аъзои ташкилот ва сокинон шанбегӣ баргузор гардида, атрофи роҳи деҳа ва ҷӯю заҳбурҳои обрав тоза гардонида шуда, ба ҷои дарахтони хушкида аз нав ниҳолҳои ҳамешасабз ва сояафкан шинонида шуд.