ҲАШАРИ САНГФАРШКУНӢ ВА НИҲОЛШИНОНӢ ДАР ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ИСТИҚЛОЛ

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади сарсабзу хуррам гардонидани як гушаи диёр ва ҳамзамон саҳм гузоштан дар ободию зебогии Ватан бо иштироки раиси ташкилоти ибтидоии “Истиқлол” Ҳасанов Абдурашид, аъзои фаъоли ҲХДТ ва сокинон дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Истиқлол якқатор корҳои оббодонӣ ва хуррамгардонӣ амалӣ гардида истодааст.

Аз ҷумла, дар ҳудуди деҳаи Лоҳутии ҷамоати мазкур беш аз 2 километр роҳҳи аҳамияти маҳали дошта сангфарш гардида, атрофи он беш аз 1000 бех ниҳолҳои ҳамешабз ва соафкан шинонида шуд.