ИДОМАИ ҲАШАРҲОИ ДАРАХТШИНОНӢ ДАР НОҲИЯИ ҶАЙҲУН

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади саҳм гузоштан дар корҳои созандагиву ободонӣ ва сарсабзу хуррамгардонии диёр бахшида ба истиқболи шоиста аз ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ бо иштироки аъзо ва ҷонибдорони ҳизбии ташкилоти ибтидоии “Б. Марвазӣ” дар атрофи роҳи марказӣ ва биноҳои истиқоматии ҳудуди кучаи Б. Марвазии ҷамоати шаҳраки Дӯстӣ дарахтони ҳамешасабз ва сояафкан шинонида шуд.

Иштирокдорон дар ин ҳашар бо як руҳияи баланди ватандӯстиву меҳанпарастӣ ширкат варзида, ҳар яки онҳо кушиш менамуданд дар ободии диёр саҳми хешро гузоранд.