ҶАЛБИ ҶАВОНОНУ НАВРАСОН БА ВАРЗИШ

Ҷайҳун: Созандагони ватан  

Бо мақсади амали намудани сиёсати варзишпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯзҳо дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Мактаби варзишӣ”-и ноҳия мусобиқаҳои гуногуни варзишӣаз қабили волейбол, футбол ва гуштини миллӣ миёни наврасону ҷавонон роҳандозӣ гардидаистодааст, ки дар он наврасону ҷавонони ҳудуди ноҳия иштироки фаъол нишондода истодаанд.

  Маврид ба ёдоварист, ки чорабиниҳои мазкур бо мақсади дарёфти чеҳраҳои навӣ варзишӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, оммавигардонии варзиш, таҳким бахшидани дӯстию рафоқат миёни наврасону ҷавонон ташкил ва баргузор гардидаистодаанд.