ВУСЪАТИ КОРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР НОҲИЯИ ҶАЙҲУН.

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи Аксияҳои ҳизбӣ зери унвони “Якҷоя месозем” баҳри сазовор истиқбол аз ҷашн гирифтани 35 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯзҳо дар ҳудуди ноҳияи Ҷайҳун корхои ободонӣ вусъати тоза мегиранд.

Дар ин радиф бо мақсади саҳмгузори дар раванди бунёдкориву созандагӣ ва ободонии маҳалли зисту фаъолият аъзо ва фаъолони хоҷагиҳои деҳқонии ҳудуди ноҳия ва ташкилоту муассисаҳо ба хашар баромада, бо истифода аз техникаҳои махсус роҳи марказии деҳаи “Якуми май”-и Ҷамоати деҳоти Панҷ сангфарш карда шуд.

Ҳадаф аз баргузор намудани чунин чорабиниҳо аз як тараф сазовор истиқбол гирифтани ҷашнҳои миллӣ бошад, аз ҷониби дигар воситаи хуби тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандўстӣ, баланд бардоштани ҳисси эҳтиром ба ватану меҳан ва тарғиби маърифати шаҳрвандӣ мебошад.